Тоҷикистон дар финал бо Малайзия бозӣ мекунад

Тоҷикистон дар финал бо Малайзия бозӣ мекунад

Барои ба даст овардани 48-умин "Ҷоми подшоҳи-2022" мунтахабҳои Тоҷикистон ва Малайзия майдондорӣ мекунанд. Бозии дастаҳо рӯзи 25-уми сентябр соати 18:30 ба вақти Душанбе дар  шаҳри Чиангмайи Тайланд доир мешавад.

Дар даври ниманиҳоӣ мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 2 бар 1 яккачини Тринидад ва Тобаго мағлуб кард. Мунтахаби Малайзия бошад бо ҳамин натиҷаи 2 бар 1 тими миллии Тайландро шикаст доданд.

Мунтахабҳои Тайланд ва Тринидад ва Тобаго барои ба даст овардани нишонҳои биринҷӣ  рӯзи 25-уми сентябр соати 15:30 ба вақти Душанбе андари майдони рақобат мешаванд.