Тоҷикистон дар финали “Ҷоми Мердека-2023” муқобили Малайзия бо пироҳани сафед ба майдон мебарояд

Тоҷикистон дар финали “Ҷоми Мердека-2023” муқобили  Малайзия бо пироҳани сафед ба майдон мебарояд

Дар остонаи бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023» миёни дастаҳои мунтахаби Малайзия ва Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Dorsett Grand Subang» ҷаласа баргузор шуд.

Дар ин ҷамъомад намояндагони Ассотсиатсияи футболи Малайзия, кумитаи ташкилии маҳаллӣ ва дастаҳои миллии Малайзия ва Тоҷикистон ширкат доштанд.

Дар рафти маҷлис масъалаҳои ташкилӣ муҳокима шуданд. Илова бар ин, ранги либоси дастаҳо тасдиқ гардид. Дастаи Тоҷикистон дар бозии интизор бо либоси сафед ва тими Малайзия бо либоси зард ба майдон мебароянд.

Ҳар як даста метавонад дар давоми бозӣ ҳадди аксар шаш маротиба ба ҳайат тағйирот дарорад.

Ёдовар мешавем, ки вохӯрии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023» миёни дастаҳои мунтахаби Малайзия ва Тоҷикистон рӯзи 17 октябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил дар Куала-Лумпур баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (18:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад. Ин бозиро шабакаи “Варзиш” ба таври мустақим манзури ҳаводорон мегардонад.