Тоҷикистон дар марҳилаи 1/4 ниҳоӣ бо Тайланд рақобат мекунад
Футзалбозони мо дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо тими миллии Тайланд, ки бо касби 7 имтиёз дар гурӯҳи “А” мақоми аввалро касб кард, бозӣ мекунад. Вохӯрии марҳилаи чаҳорякниҳоӣ миёни тимҳои миллии Тайланд ва Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 4 октябр баргузор мешавад. Оғози бози соати 19:00 ба вақти Душанбе аст.
МД Телевизиони "Варзиш" ин бозиро ба таври мустақим намоиш медиҳад.
Ҷоми Осиё оид ба футзал 2022
Марҳилаи чаҳорякниҳоӣ
4 октябр (сешанбе)
Бозӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад
Тайланд – Тоҷикистон
Кувайт, маҷмааи варзишии Саъд ал-Абдулло