«Тоҷикистон слалом опен» рӯзҳои 20-24 март доир мешавад

«Тоҷикистон слалом опен» рӯзҳои  20-24 март доир мешавад

Дар Тоҷикистон маротибаи аввал мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронии слалом  баргузор мегардад.  

"Тоҷикистон слалом опен"- мусобиқаи байналмилалӣ аст, ки мизбони он  Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Мусобиқа  рӯзҳои 20-24 марти соли 2023 дар дарёи Варзоб, дар наздикии шаҳри Душанбе доир мешавад.  Дарёи  Варзоб аз нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор сарчашма мегирад ва албатта, барои баргузории мусобиқаи мазкур мутобиқ аст. Қаблан борҳо дар дарёи Варзоб мусобиқаҳои гуногуни қаиқронӣ  дар сатҳи байналмилалӣ дар замони ИҶШС доир шуда буданд. Ҳамчунин тими мунтахаби ИҶШС оид ба қаиқронӣ  дар мавсимҳои баҳор ва тирамоҳ тамринҳои дастаҷамъонаашро дар дарёи Варзоб доир мекард.

Роҳҳои мусобиқа, ки аз тарафи ташкилотчиёни мусобиқаи «Тоҷикистон слалом Опен» гузошта мешаванд, дараҷаи баланди варзишӣ  доранд, ки барои шавқовар ва беҳтар гузаронида  машғулиятҳо масъулин ҳама чораҳои заруриро андешидаанд. Барои иштирок дар мусобиқа  мардон ва занони соли таваллудашон  2008 ва калонтар аз он ширкат варзида метавонанд.

Дар мусобиқа  иштирок мекунанд:

Беҳтарин  варзишгарони дастаҳои миллии кишварҳои иштирокчӣ;

Беҳтарин варзишгарони дастаҳо ва Федератсияҳои миллӣ

Барномаи мусобиқаи серӯза иборат аст аз:

· Ду мусобиқаи инфиродӣ K-1 ва C-1, ки ҳар яке аз ду кӯшиш иборат аст;

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо тӯҳфаҳои хотиравӣ, медал ва дипломҳои ташкилкунандагони мусобиқа сарфароз гардонида мешаванд.

Дархостҳои пешакӣ барои иштирок дар озмунҳо дар суроғаи почтаи электронии request.tso@gmail.com то 15 марти соли 2023 қабул карда мешаванд.

Барномаи мусобиқа:

17—19 март — машғулияти расмӣ

20 март (душанбе).

08:00 - 11:00 — қабули дархостҳо (меҳмонхонаи “Румӣ”, шаҳри Душанбе)

15:00 - 16:00 - каяк-кросс  дар дарё (дарёи Варзоб)

19:00 — вохӯрӣ  бо намояндагони дастаҳо (меҳмонхонаи “Румӣ”, шаҳри Душанбе)

21 март  (сешанбе), Душанбе, Боғи “Кӯли Ҷавонон”

10:00 — Маросими кушодашавӣ

11:00 — 12:30 — кросс дар байдарка — 1/4 финал, нимфинал ва финал.

22 март  (чоршанбе), дарёи Варзоб

09:00 ва 09:30 — мусобикаҳои намоишӣ

10:00 – 11:40 — ду кӯшиши мусобиқаи  индивидуалии С-1м, К-1ж.

11:40 ва 13:20 — ду кӯшиши мусобиқаи индивидуалии С-1ж, К-1м.

23 март  (панҷшанбе), дарёи Варзоб

10:00 то 11:40 — як кӯшиши мусобиқаи индивидуалии  С-1м, К-1г, С-1г, К-1м.

12:00 -  13:10 — мусобиқақои даставӣ

18-00 — Маросими пӯшидашавии мусобиқа, маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон

24 март (ҷумъа) — рафтани дастаҳо