Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкориро дар соҳаи варзиш тақвият мебахшанд
26 июл дар шаҳри Париж дар ҳошияи маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2024 Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо иҷрокунандаи вазифаи Вазири варзиши Ҷумҳурии Фаронса Амели Удеа — Кастера мулоқот намуд. Дар мулоқот тақвият додани ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса дар самти рушди варзиш баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи варзиши касбӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни мактабҳои варзишӣ, омӯзиши таҷрибаи варзишгарони олимпии Фаронса дар Тоҷикистон ва иштироки ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 табодули афкор анҷом доданд.
Зимни мулоқот баргузории чорабиниҳо ва таҳрезиву татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар доираи ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Барои истиқболи самимӣ ва фароҳам овардани имконоту шароити хуби варзишӣ барои ҳайати олимпии Тоҷикистон ба ҳукумат ва Вазорати варзиши Ҷумҳурии Фаронса изҳори сипос карда шуд.
Дар анҷом ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро тақвият бахшида, барои иштироки фаъоли варзишгарони ҳар ду кишвар дар чорабиниҳои байналмилалие, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Фаронса доир мегарданд, мусоидат намоянд.