Тоҳирҷон Муъминов бо “Равшан” видоъ кард!
Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ва мураббии шинохтаи тоҷик Тоҳирҷон Муъминов пас аз ба итмом расидани шартномаи ҳамкории 1-сола бо ҳамдигар худоҳофизӣ карданд.
Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар соли сипаригардида зери роҳбарии Тоҳирҷон Муъминов дар аввали мавсим соҳиби “Шоҳҷоми”-и Тоҷикистон-2023 шуда бо дастаи “Равшан” то бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2023 расид ва дар бозии финалӣ аз дастаи Истиқлол шикаст хӯрда соҳиби нишонҳои нуқра гардид.
Ҳамзамон, зери роҳбарии Тоҳирҷон Муъминов дастаи “Равшан” дар таърихи фаъолияти худ дигарбора ба гирифтани мақоми 2-юм Дар Чемпионати Тоҷикистон ва медалҳои нуқра шарафёб шуд.
Фаъолияти Тоҳирҷон Муъминов бо дастаи “Равшан” дар Ҷоми КФО-2023 низ бад набуд, зеро дар ин мусобиқот дастаи “Равшан” аввалин имтиёзҳои худро дар даври гуруҳӣ ба даст оварда бо се мусовӣ дар гурӯҳ мақоми 3-юмро касб кард вале аз идомаи сабқат дар давраҳои баъдӣ бе насиб монд.
Ҳангоми фаъолият дар дастаи “Равшан” Тоҳирҷон Муъминов тамоми ҳунару маҳорат ва нерӯи худро баҳри комёбии даста сарф менамуд, ки роҳбарияти даста, сарпарастон ва собиқадорони дастаи “Равшан” ба кори Тоҳирҷон Муъминов эҳтироми хосса зоҳир намуда иброз медоранд, ки дарҳои дастаи “Равшан” ҳамеша барои чунин мутахассисон кушодааст.
Исми сармураббии нави даста рӯзҳои наздик эълон карда мешавад!
