То оғози Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон дар Душанбе як ҳафта боқӣ монд

То оғози Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон дар Душанбе як ҳафта боқӣ монд
Кишвари мо мизбони боз як мусобиқаи байналмиллалӣ мегардад. 

 Шаҳри Душанбе аз 11-ум то 15-уми август бори аввал  Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтонро мизбонӣ  мекунад. 

Дар мусобиқа бадминтонбозони беҳтарин аз кишварҳои  Тоҷикистон  ,  Ӯзбекистон , Қирғизистон, Қазоқистон , Муғулистон  ва Эрон  ширкат меварзанд. 

 Макони баргузории мусобиқа - “Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ”-и шаҳри Душанбе мебошад. 

#badminton
#asia
#dushanbe
#tajikistan