То оғози "Kazan Grand Slam-2021" як рӯзи дигар монд

То оғози "Kazan Grand Slam-2021"  як рӯзи дигар монд

5-7 май дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия мусобиқаи навбатии ҷудо – Гранд Слам баргузор мешавад, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар ширкат мекунанд. Дар Гранд Слами Қазон ҷумҳурии моро паҳлавонони шинохта Абумуслим Қаюмзода, Шаҳбоз Саидаброров (ҳар ду вазни -60кг), Алиҷон Сафаралиев, Баҳром Сӯфиев (-66кг), Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90кг) намояндагӣ мекунанд.

Мусобиқа 5 май бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон, -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон оғоз мегардад. 6-уми май варзишгарон дар вазнҳои -73кг, -81кг миёни мардон, -63кг, -70кг миёни бонувон гуштин мегиранд. Мусобиқа бо нерӯсанҷии варзишгарон дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон, -78кг, +78кг миёни бонувон анҷом меёбад. Ба ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ тақдим карда мешавад: ҷои якум – 5000 доллар, ҷои дуюм – 3000 доллар, ду ҷои сеюм – 1500-долларӣ.