То ҳол дар Фаронса "ПСЖ" рақиб надорад

То ҳол дар Фаронса "ПСЖ" рақиб надорад

Дар даври 23-юми Лигаи 1- и Фаронса дастаҳои "Нант" ва "ПСЖ" дидор анҷом доданд. Дар бозии мазкур бартарият бештар аз ҷониби бошгоҳи шаҳри Париж дида мешуд. Дар қисми аввали дидор дар дақиқаи 29-ум Икарди ҳисоби бозиро кушод. Бо ҳамин натиҷа дастаҳо ба танаффус рафтанд.Дар қисми дуюм вохӯри бисёр сахт ҷараён гирифта, дар дақиқаи 57-ум Карер аз ҳайати дастаи "ПСЖ" муаллифи гол шуд.Пас аз 11-дақиқа аниқтараш дар дақиқаи 68-ум аз ҳайати дастаи "Нант" Симон ба задани гол ноил гардид. Бо ҳамин натиҷа бозии мазкур ба итмом расид. Ёдовар мешавем, ки дастаи "Нант" бо касби 32-имтиёз дар зинаи 10-ум ва дастаи "ПСЖ" бо касби 58-имтиёз дар зинаи 1-ум маскан ихтиёр кардаанд. 

Лигаи 1-и Фаронса

Даври 23-юм

"Нант" 1:2 "ПСЖ"

Голҳо: Икарди '29(Ди Мария),Карер 57' (Ди Мария), Симон 68'.