Томас Мюллер дар бораи тамдиди шартномааш бо “Бавария” гуфт
Нимҳимоятгари мунтахаби Олмон Томас Мюллер шояд,ки баъди итмоми шартномааш аз нав шартномаи худро бо «Бавария» тамдид кунад.
Дар шарҳи SkySports, футболбоз қайд кард, ки ӯ ҳанӯз намедонад,ки оянда чӣ мешавад:
“Сину солам ба ҷойе расид ва бе таъсир нахоҳад буд, аммо кӯшиш мекунам, ки бо он мубориза барам ва ҳолати хуби ҷисмонии худро нигоҳ дорам. Ман танҳо кӯшиш мекунам, ки ба мураббӣ нишон диҳам, ки ман ҳам вариант барои ҳайати асосӣ ҳастам. "гуфт Томас Мюллер.
Ёдовар мешавем, ки Мюллери 34-сола аз соли 2000 ба ҳайати “Бавария” пайваст . Вай аввалин маротиба дар ҳайати асосии мюнхениҳо соли 2008 баромад. Аз он вақт инҷониб футболбоз дар ҳайати «Бавария» дар тамоми мусобиқаҳо 684 бозӣ анҷом дода, ба задани 237 гол ва 261 ассист даст ёфтааст.
Мюллер бо дастаи Бавария ду бор ғолиби Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо, 12 маротиба қаҳрамони “Бундеслига”и Олмон ва шаш маротиба Ҷоми Олмонро ба даст оварааст. Соли 2014 Томас дар ҳайати тими миллии Олмон қаҳрамони ҷаҳон шуда буд.
Пас аз анҷоми Евро-2024, Томас Мюллер аз хотимаи корномаи футболбозии худ дар ҳайати тими миллии Олмон хабар дода буд.