Томас Тухел: “Мо роҳи боздоштани Мессиро пайдо мекунем”
Сармураббии мунтахаби Англия - Томас Тухел дар арафаи бозии марҳилаи нимниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 муқобили мунтахаби Аргентина изҳор дошт, ки дастаи ӯ барои боздоштани капитани рақиб Лионел Месси омодагии комил дорад.
“Месси ҳамеша фазоҳои холиро пайдо мекунад, лаҳзаҳои мувофиқро эҳсос мекунад ва муҳимтар аз ҳама, тамоми даста бо як ҳадаф бозӣ мекунад , ба ӯ кумак расонад ва тӯб расонад. Ҳамдастаҳояш ҳамеша ҳушёранд ва вақте ки Месси бозии худро оғоз мекунад, метавонад сарнавишти вохӯриро тағйир диҳад. Албатта, мо барои ин омода мешавем.
Оё мумкин аст бозии ӯро пурра пешбинӣ кунем ё барои боздоштани ӯ як роҳи комил пайдо намоем? Не. Аммо мо бояд бо ҷасорат амал кунем ва дар муқобили худи Месси далерона бозӣ кунем, ӯро аз ҳамдастаҳояш ҷудо созем ва ҳар як ҳаракати бозигарони Аргентинаро ҳангоми дар ихтиёри Месси будани тӯб назорат кунем.
Мо барои чунин рақобат хислат ва рӯҳияи заруриро дорем ва омодаем Мессиро боздорем.”- Тухел дар суҳбат бо The Telegraph изҳор доштааст.
Ёдовар мешавем, ки мунтахабҳои Англия ва Аргентина барои роҳхат ба финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 бо ҳам рақобат мекунанд. Ин дидор яке аз муҳимтарин ва интизортарин вохӯриҳои мусобиқа ба шумор меравад, ки дар он ду тими пуриқтидор барои ҷой дар финал мубориза хоҳанд бурд.