«Торпедо-БелАЗ» имтиёз аз даст дод

«Торпедо-БелАЗ» имтиёз аз даст дод

Дар доираи бозиҳои даври 10-уми Чемпионати Белорус тимҳои “Неман” ва “Торпедо-БелАЗ” бо ҳам рақобат карданд. Дар ин вохӯрӣ дастаи камбаҳои мусобиқа ба дарёфти имтиёз мушарраф шуд.

Дастаи “Неман”, ки дар ҷадвали Лигаи олии кишвари Беларус зинаҳои поёниро ишғол мекунад, дар даври 10-уми мусобиқа дар майдонаш “Торпедо-БелАЗ”-ро қабул намуд.   Бозии дастаҳо пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи соҳибони майдон хотима ёфт. Голи якуми бозиро дар дақиқаи 10-ум Дмиртий Юсов аз “Торпедо-БелАЗ” ба самар расонид. Баъд аз ин мизбонон ташаббусро пурра ба даст гирифта, ба задани 3 голи пайдарҳам даст ёфтанд. Глеб Расадкин пеш аз танаффус таносубро бақарор намуд. Дар ҷараёни қисми дуюм Валерий Жуковский аз зарбаи 11 метра ва Зоран Мурушич як тӯбии дигар вориди дарвозаи “Торпедо-БелАЗ” намуда, бо ҳамин натиҷа 3:1 бозӣ ба поён расид. Ҳамин тариқ дастаи “Неман” дар ҷадвали умуми ба ҷои 11-ум баромад. Дастаи “Торпедо-БелАЗ” бошад, дар зинаи 2-юм боқӣ монд.  

Чемпионати Белоруссия. Лигаи олӣ. Даври 10-ум

«Неман» (Гродно) — «Торпедо-БелАЗ» (Жодино) — 3:1 (1:1)

Голҳо: Рассадкин, 43. Жуковский, 70 (аз пеналти). Марушич, 89. — Юсов, 10.