"Тотенҳэм" дифоъгари "Реал"-ро харидорӣ кард

"Тотенҳэм" дифоъгари "Реал"-ро харидорӣ кард

Серхио Регилон – муҳофизатгари дастаи "Реал Мадрид"   ба бошгоҳи "Тотенҳэм" пайваст. Маблағи гузариши футболбоз 30 миллион евро арзёбӣ мегардад. Футболбози испанӣ бо дастаи лондонӣ то соли 2025 шартнома ба имзо расонидааст. Муҳофизатгар дар ҳайати "Тотенҳэм" зери шумораи 3 ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки Серхио Регилон мавсими гузаштаро дар дастаи "Севиля" ба ҳайси иҷора гузаронд. Ӯ дар мавсими гузаштаи Чемпионати Испания дар ҳайати Севиля дар 31 бозӣ ширкат варзида, 2 голро ба номи худ мӯҳр задааст. Инчунин 2 паси головар низ анҷом додааст.