“Тоттенҳэм” бо Роберто Де Дзерби шартномаи панҷсола имзо кард
Бошгоҳи “Тоттенҳэм”-и шаҳри Лондон расман мураббии итолиёвӣ Роберто Де Дзербиро ҳамчун сармураббии нави даста муаррифӣ кард. Дар ин бора дафтари матбуотии клуб хабар додааст.
Мӯҳлати шартномаи ин мураббии 46-солаи итолиёвӣ ошкор нашудааст, аммо хабар дода шудааст, ки тарафҳо созишномаи дарозмуддатро имзо кардаанд. Тибқи баъзе сарчашмаҳои дигар бо мутахассиси итолиёвӣ шартномаи панҷсола имзо шудааст.
Де Дзерби дар курсии мураббигӣ аллакай чорумин мутахассис барои даста дар мавсими 2025/26 гардид. Пеш аз ӯ Игор Тудор, Томас Франк ва Анҷелос Постекоглу дар ин вазифа фаъолият доштанд.
Қобили зикр аст, ки рӯзи якшанбе "Тоттенҳэм" истеъфои Игор Тудорро аз мақоми сармураббӣ эълон кард. Де Зерби моҳи феврал “Марсел”-ро тарк кард ва бо ризоияти тарафайн шартномаашро қатъ намуда буд.
Ҳоло, «Тоттенхэм» дар ҷадвали Премйер-лигаи Англия бо 30 имтиёз аз 31 бозӣ дар зинаи 17-ум қарор дорад. Даста ҳамагӣ бо як имтиёз аз таҳхонаи ҷадвали мусобиқа боло меистад.