“Тоттенҳэм”дар сафар аз “Борнмут” мағлуб шуд

“Тоттенҳэм”дар сафар аз “Борнмут” мағлуб шуд

Дар доираи бозиҳои даври 14-уми Премйер-Лигаи Англия дастаҳои “Борнмут” ва “Тоттенҳэм” андари майдони рақобат гардиданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Виталити”-и шаҳри Борнмут баргузор гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи тими мизбон анҷом ёфт.

Ягона голи вохӯриро дар дақиқаи 17-уми бозӣ дифоъгари испанӣ Дин Хайзен ба самар расонид. Ирсоли головарро Маркус Таварне марбути номи хеш кард.

Пас аз ин мағлубият “Тоттенҳэм” бо 20 имтиёз дар зинаи 10-ум аст. “Борнмут” бо 21 имтиёз дар зинаи 9-ум ва “Ливерпул” бо 35 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа мебошад.

Ёдовар мешавем, ки “Борнмут” дар даври 15-ум рӯзи 8-уми декабр дар сафар бо “Испвич Таун” бозӣ мекунад. “Тоттенҳэм” дар ҳамин тавр ва ҳамин рӯз дар хона бо “Челси” бозӣ мекунад.