“Тоттенхэм” аз харидории Коутиню даст кашид

“Тоттенхэм” аз харидории Коутиню даст кашид

Бошгоҳи футболи “Тоттенхэм”-и Лондон аз харидории ниммуҳофизатгари бразилии “Барселона” Филиппе Коутиню даст кашид, хабар медиҳад сомонаи Marca. Ба маълумоти сарчашма сабаби даст кашидани лондониҳо аз харидории ӯ Коутиню ин арзиши гарони ӯ мебошад. “Нилунориҳо” аз “Тоттенхэм” барои Филиппе 120 млн евро талаб доранд. Мавсими ҷориро бразилӣ ба ҳайси иҷора дар дастаи “Бавария” сипарӣ намудаистодааст.

Қаблан “Бавария” низ аз харидории Коутиню даст кашида буд.