“Тоттенхэм” дар сафар “Вест Хэм”-ро мағлуб карда натавонист

“Тоттенхэм” дар сафар “Вест Хэм”-ро мағлуб карда натавонист

Дар Премйер-Лигаи Англия се бозии даври 31-ум ба охир расид. "Тоттенхэм" бо "Вест Хэм" рӯ ба рӯ шуд ва бо мусовӣ қаноатманд буд.

Аввалин шуда ҳисобро "Тоттенхэм" боз кард. Бреннан Ҷонсон дар дақиқаи 5-ум ба кушодани ҳисоб даст ёфт. “Вест Хэм” ба шарофати голи Курт Зума дар дақиқаи 19-ум таносубро баробар намуд.

Бозии «Бёрнли» ва «Вулверхэмптон» (1:1) низ дуранг анҷом ёфт. Якоб Брун Ларсен ва Райан Айт-Нурӣ якголӣ заданд.

Дар бозии дигари шом “Борнмут” бар “Кристал Пэлас” (1:0) пирӯз шуд. Голи ягонаро Ҷастин Клюйверт ба самар расонд.

Дар ҷадвали мусобиқот «Тоттенҳэм» бо 57 имтиёз дар ҷои 5-ум ва «Вест Хэм» бо 45 имтиёз дар зинаи 7-ум қарор доранд.

Бо шарофати ин пирӯзӣ «Борнмут» ба зинаи 11-ум баромад ва 41 имтиёз дорад, «Кристал Пэлас» бо 30 имтиёз дар зинаи 14-ум аст.

«Бёрнли» бо 19 имтиёз дар минтақаи ҷудошавӣ боқӣ мондааст, «Вулверхэмптон» бо 42 имтиёз дар ҷои 10-ум аст.