Трамп беҳтарин футболбози ҷаҳонро номбар кард
Президенти ИМА Доналд Трамп одатан бо таваҷҷуҳ ба футбол шинохта намешавад ва бештар ӯро бо голф мепайванданд. Ба ҳар ҳол то андозае дар бораи ин навъи варзиш Трамп маълумот дорад, то тавонад беҳтарин футболбози таърихро муайян кунад.
Трамп эътироф кард, ки замоне ҷавон буд ва он вақтҳо Пеле дар Лигаи олии ИМА (MLS) бозӣ мекард. Трамп бо завқ бозиҳои Пелеро тамошо мекард. Ба гуфтаи Доналд Трамп - Пеле хело бозигари ногузир аст.
“Чанд сол пеш, вақте ки ман ҷавон будам, бозигаре бо номи Пеле бо бозии муҷаллояш ҷаҳонро ба ҳайрат оварда буд. Ӯ дар як дастае бозӣ мекард, ки “Космос” ном дошт. Стив Росс дӯсти ман, ки илҳомбахши ин тарҳ буд. Ӯ дар версияи ибтидоии он варзишгоҳ бозӣ мекард. Бале, худи ҳамон буд. Намехоҳам пир нишон диҳам, ин ҳодиса хеле пеш рух дода буд, аммо ман ба варзишгоҳ мерафтам, то Пелеро бинам — ва ӯ аҷиб буд”, — изҳор доштааст, Трамп.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Трамп ба Палмер зимни ҷоизасупории Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо - "Мухлиси бузурги "Челси". Ман мухлиси ашаддии шумо ҳастам. Офарин." - гуфта буд.