Transfermarkt феҳристи 10 дарвозабони гаронарзиши ҷаҳонро эълон кард

Интернет-портали Transfermarkt феҳристи 10 гаронбаҳотарин дарвозабони ҷаҳонро бар асоси навигариҳои арзиши трансферии футболбозон муаррифӣ кард.
Топ-10 дарвозабони гаронарзиши ҷаҳон :
1. Диогу Кошта («Порту», € 45 млн).
2. Мик Менян («Милан», € 45 млн).
3. Ҷанлуиҷи Доннарумма («ПСЖ», € 40 млн).
4. Грегор Кобел («Боруссия» Д, € 40 млн).
5. Андре Онана («Манчестер Юнайтед», € 40 млн).
6. Эдерсон Мораес («Манчестер Сити», € 40 млн).
7. Давид Райя («Арсенал», € 35 млн).
8. Ян Облак («Атлетико» М, € 35 млн).
9. Марк-Андре тер Штеген («Барселона», € 35 млн).
10. Тибо Куртуа («Реал», € 35 млн);
Тибо Куртуаи белгиягӣ дар байни даҳ дарвозабони беҳтарини ҷаҳон мавқеашро аз даст дод. Дарвозабони "Реал Мадрид" бо маблағи 10 миллион евро арзишаш поин рафт. Аз ҳама болоравии арзиши бозорро дарвозабони "Боруссия Дортмунд" Грегор Кобел нишон дод. Ӯ дар бозори трансферӣ арзишаш 5 миллион евро афзуд.