Тсюан Хунчани 17-солаи чинӣ қаҳрамони секаратаи олимпӣ шуд

Тсюан Хунчани  17-солаи чинӣ қаҳрамони секаратаи олимпӣ шуд

Варзишгари чинӣ Тсюан Хунчан дар ҷаҳиш ба об дар масофаи 10 метр бо касби 425,60 имтиёз медали тиллои Бозиҳои олимпиро соҳиб шуд.

Ҷойи дуюмро намояндаи дигари Чин Чэн Юйси (420,70 хол) ва медали биринҷиро намояндаи Кореяи Шимолӣ Ким Ми -Рэ (372,10 хол) гирифтанд.

Тсюан Хунчан қаблан дар Париж дар дуэт бо Чэн Юси дар ҷаҳиши синхронӣ медали тилло ба даст овард ва дар Бозиҳои Олимпии соли 2020 дар Токио дар ҷаҳиши инфиродӣ ба масофаи 10 метр қаҳрамон шуда буд.

Ғолибони ҷаҳиш ба об дар масофаи 10 м миёни бонувон

1.Тсюан Хунчан (Чин)

2.Чэн Юйси (Чин)

3.Ким Ми Рэ (Кореяи Шимолӣ)