“Тулуза” қасди бохташро аз “Ливерпул” гирифт

Бозии даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо миёни дастаҳои “Тулуза”-и Фаронса ва “Ливерпул”-и Англия ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Мунисипал”-и шаҳри Тулуза дар ҳузури 32 026 нафар мухлис баргузор шуда, бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.
Бозии дастаҳо сергол анҷом ёфт. Гарчанде, дастпарварони Клопп имкони мусовӣ кардани вохӯриро доштанд, лек дар лаҳзаҳои охир голи Ҷарелл Кванса ба инобат гирифта нашуд. Он ҷо пас аз тамошои наворҳои такрории VAR муайян шуд, ки бозигар тӯбро бо даст бозӣ кардааст.
Футболбозони мизбон дар ин бозӣ нахуст шуда, ҳисобро бо голи Арон Доннум дар дақиқаи 36-ум кушоданд. Тийс Даллинга дар дақиқаи 58-ум ҳисобро дуболо кард. Ниммуҳофизатгар Кристиан Кассерес дар дақиқаи 74-ум ба дарвозаи дастааш голи худгол зада, ҳисобро коҳиш дод. Пас аз ду дақиқаи Франк Магри голи сеюми дастаи “Тулуза”-ро ба дарвозаи “Ливерпул” равона намуд.
Дар дақиқаи 89-ум Диогу Жота голи дуюми “мерсисайдиҳо”-ро ба дарвозаи “Тулуза” зад, лек то анҷоми бозӣ онҳо дар ҳисоб қафо монданд.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии даври сеюм дар варзишгоҳи “Энфилд” дастаи “Ливерпул” бо ҳисоби бузурги 5 бар 1 муқобили “Тулуза” зафар ёфта буд. Ҳоло пас аз чаҳор давр дастаи “Ливерпул” бо касби 9 имтиёз пешгоми гурӯҳи “Е” аст. “Тулуза” бо 7 имтиёз дар зинаи дуюм мавқеъ гирифтааст. “Юнион Сент-Жиллуа” бо 4 имтиёз дар зинаи сеюм ва ЛАСК бо 3 имтиёз дар зинаи охир аст.