Туркия аз қаҳрамони ҷаҳон имтиёз ситонд

Туркия аз қаҳрамони ҷаҳон имтиёз ситонд

Дар даври 8-уми марҳилаи интихобии чемпионати Аврупо – 2020 мунтахаби Фаронса бо тими Туркия дидор анҷом дод. Бозӣ дар варзишгоҳи “Стадде Франс”-и шаҳри Сен-Дени Фаронса доир гардида, бо ҳисоби мусовӣ 1:1 ба анҷом расид. Оливе Жиру дар дақиқаи 76- уми нимаи дуюми рақобат аз партофти ҳамдастаи худ Антуан Гризманн истифода бурда ҳисоби вохӯриро кӯшод. Баъди гузашти як чанд дақиқа, футболбози тими Туркия Кан Айхан паси Хакана Чалханоглуро ба гол анҷом дода, таносуби қувваҳоро баробар намуд. Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Фаронса бо 19 – имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвал қорор дорад, Туркия низ дар хазинаи худ, 19 – хол   дорад, вале аз рӯи таносуби тӯбҳо садрнишини ҷадвали гурӯҳи I гардидааст.