Тяго Алкантара дар 33 солагӣ корномаи футболбозиашро ҷамъбаст намуд

Тяго Алкантара дар 33 солагӣ корномаи футболбозиашро ҷамъбаст намуд

Собиқ дифоъгари мунтахаби Испания Тяго Алкантара қарор дод, ки корномаи футболбозиашро ба анҷом расонид. Дар ин бора инсайдер Фабритсио Романо хабар додааст.

Барои Алкантара мавсими 2023/24 дар “Ливерпул” бо ҷароҳатҳои доимӣ бебарор паси сар шуд ва ҳамагӣ дар Премйер-Лига 1 бозӣ доир кард. Баъди анҷоми мавсим Алкантараи 33-сола дастаро тарк кард.

Хабар дода мешавад, ки испанӣ нияти тарк кардани футболро надорад - ӯ мехоҳад худро дар нақши нав санҷад.

Ёдовар мешавем, ки Алкантара дар ҳайати “Барселона”, “Бавария”, “Ливерпул” ва мунтахаби Испания бозӣ кардааст. Алкантара дар ҳайати тими миллии Испания 46 бозӣ карда, ду гол задааст.