Убайдов ва Раҳимов ба марҳилаи нимниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳони бокс роҳ ёфтанд

Убайдов ва Раҳимов ба марҳилаи нимниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳони бокс роҳ ёфтанд

Дар шаҳри Дубайи АМА - Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс идома дорад ва рақобатҳо то марҳилаи нимниҳоӣ расиданд. Дар рӯзи ҳафтуми мусобиқа 4 муштзани кишвари мо Меҳроҷ Суфиҷонов, Хусравхон Раҳимов, Акмал Убайдов ва Некрӯз Салимов ҳунарнамоӣ карданд.

Қаҳрамони Осиё Акмал Убайдов дар вазни 60 кг дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бо намояндаи Қазоқистон - Серик Темиржанов нерӯсанҷӣ карда, бо қарори доварон (5:0) ғолиб омад ва ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Дар марҳилаи нимниҳоӣ Убайдов бо Всеволод Шумков аз Русия нерӯсанҷӣ мекунад. Рақобати муштзанҳо бегоҳии имрӯз, соати 18:00 дар назар аст.

Хусравхон Раҳимов дар вазни 57 кг дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бо намояндаи Африқои Ҷанубӣ- Сигвела Масибулеле нерӯсанҷӣ карда, бо қарори доварон (5:0) пирӯзӣ ба даст овард ва роҳашро ба марҳилаи нимниҳоӣ ҳамвор намуд. Дар марҳилаи нимниҳоӣ Раҳимов бо Хуҷаназар Нортоҷиев аз Ӯзбекистон сабқат мекунад. Рақобати муштзанҳо шаби имрӯз, соати 22:00 дар назар аст.

Муштзани ҷавони тоҷик Меҳроҷ Суфиҷонов дар вазни 51 кг дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Чемпионати ҷаҳони бокс аз қаҳрамони ду каратаи Бозиҳои Олимпӣ - Ҳасанбой Дусматови ӯзбек бо қарори ҷудогонаи доварон (1:4) мағлуб шуд. Суфиҷонов гарчанде мағлуб шуд аммо баробар бо муштзани ботаҷрибаи ӯзбек сабқат кард ва худро дар ринг фаъол нишон дод ва танҳо қарори доварон тақдири ин рақобатро ҳал намуд.

Некрӯз Салимов дар вазни 80 кг дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бо намояндаи Куба - Лопез Кардона Арлен сабқат карда, бо қарори ҷудогонаи доварон (3:4) мувоҷеҳи шикаст гардид. Салимов рақобати хуб нишон дод, вале қарори доварон ба фоидаи рақиб буд.

Ёдовар мешавем, ки XXIII-умин Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон дар соли 2025 аз 2-юм то 13 -уми декабр дар шаҳри Дубайи АМА баргузор мегардад.

Дар мусобиқа беҳтарин муштзанҳои беш аз 120 кишвари мухталифи дунё аз рӯи 13 категорияи вазнӣ ҳунарнамоӣ доранд. Фонди ҷоизаваии мусобиқа 8,32 миллион доллар мебошад.