Ҷудочиёни тоҷикро дастгирӣ мекунем

Ҷудочиёни тоҷикро дастгирӣ мекунем

Дар рӯзи 5-уми рақобатҳои Чемпионати ҷаҳон-2021 оид ба ҷудо кишвари моро ду ҷудочӣ Комроншоҳи Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов ҳарду дар вазни -90кг намояндагӣ мекунанд. Комроншоҳ бо намояндаи Габон - Адама Далекс рақобат мекунад. Дидори Комроншоҳ 7-умин рақобат буда, эҳтимол аст соати 14:00 рӯи татамӣ баарояд. Ҷаҳонгир Маҷидов бошад, бо ҷудочии швейтсарӣ - Сирил Гроссклаус неру месанҷад. Рақобати ӯ эҳтимаолан соати 14:30 бо вақти баргузор шавад. Дар ин рақобатҳои сангин ба ҷудочиёни кишвар барору комёбӣ таманно мекунем.

Тоҷикистон ба Пеш!