Ҷудокори исроилӣ дар назди Темур Раҳимов оҷиз монд

Ҷудокори исроилӣ дар назди Темур Раҳимов оҷиз монд

Варзишгари 23 солаи тоҷик Темур Раҳимов (+100 кг ) дар даври дуюми мусобиқаи   “Мастерс”-и Доҳа дар кишвари Қатар бо ҷудокори исроилитабор Ор Сассон   андари майдони рақобат шуд.

Дар сонияҳои аввали рақобат Темур Раҳимов ба рақиб ҳамла мекард. Натиҷаи ин ҳамлаҳо буд, ки Ор Сассони исроилӣ хаставу бемадор гардид ва дар сонияҳои охири рақобат ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов пирӯзӣ ба даст овард. Пас аз ин пирӯзӣ Темур Раҳимов ба даври 1/4 ниҳоии мусобиқаи «Doha Masters 2021» роҳи хешро ҳамвор кард.