Ҷудокори рус Темур Раҳимовро шикаст дод, вале...

Ҷудокори рус Темур Раҳимовро шикаст дод, вале...

Варзишгари 23 солаи тоҷик Темур Раҳимов (+100 кг ) дар даври 1/4 ниҳоии рӯзи сеюми мусобиқаи Мастерс бо ҷудокори рус Инал Тасоев андари майдони рақобат шуд.

Дар сонияҳои охири рақобат бо як усул ҷудокори рус пирӯзӣ ба даст овард ва ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифт. Ҷудокори 23-солаи тоҷик Темур Раҳимов пас аз бохт фурсати ба даст овардани медали биринҷиро дорад.

Инал Тасоев дар раддабандии ҷаҳонӣ бо доштани 5499 имтиёз дар зинаи 3- юм қарор дорад.