Ҷудокори тоҷик дар шаҳри Алмаато барандаи нишони тилло гардид

Ҷудокори тоҷик дар шаҳри Алмаато барандаи нишони тилло гардид

Имрӯз  дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон рӯзи дуюми мусобиқаи қоравии ҷудо -Ҷоми Осиё миёни наврасон ва ҷавонон (Cadets & Juniors Asian Judo Cup Almaty 2022) ба хотири Бакет Махмутов - ходими намоёни варзиши қазоқ баргузор шуд.

Ҷудокори ҷавон ва умедбахши тоҷик Абубакр Шеров зери вазни то 66 килограмм бо шикаст додани ҳамаи рақибонаш ба финали мусобиқа роҳ ёфт ва дар он ҷо ӯро ҷудокори бомаҳорати ӯзбек Азизбек Ортиқов мунтазир буд. Дар ин рақобат ҷудокори кишвари мо маҳорати баланд нишон дода аз ҳариф як сару гардан боло ҳунарнамоӣ кард. Ҳамин тавр дар дақиқаҳои охири нерӯсанҷӣ ҷудокори мо бо усули осайикоми ҳарифашро аз сари роҳ бардошт ва нишони заррини мусобиқаи Almaty Asian Junior Cup 2022 –ро ба даст овард.