Ҷудокорони навраси тоҷик дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон ширкат меварзанд

Ҷудокорони навраси тоҷик дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон ширкат меварзанд

Рӯзҳои 23-26-уми август шаҳри Загреби Хорватия мизбони Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни наврасон мегардад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ Мадина Қурбонзода (-48 кг), Лоиқ Қутбудинов (-55 кг), Икром Шамсов (-55 кг), Ёсин Бобокалонов (-60 кг), Ворис Назаров (-66 кг), Муҳаммадамин Лоиқов (-66 кг) ва Аминҷон Абдуҷалилзода (-73 кг) муаррифӣ мекунанд.

Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон байни наврасон 2023 дар доираи мусобиқоти сайри ҷахонии ҷудо баргузор мешавад. Ғолибону ҷоизадорони чемпионат бо ҷоизапулии арзишманд қадрдонӣ мешаванд.

Ҳамчунин, варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар радабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ имтиёз ба даст меоранд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз маросими қуръакашии мусобиқа мазкур баргузор мешавад.