Ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи Antalya Grand Slam 2023 ширкат меварзанд
Панҷ нафар узви мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар Гранд Слами Анталия, ки аз 31 март то 2 апрел баргузор мешавад, иштирок мекунанд. Барои иштирок дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ 617 варзишгар (357 мард, 260 зан) аз 85 давлат номнавис шудаанд.
Аз ҷумла, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 5 варзишгарро ба Анталияи Туркия сафарбар менамояд:
-60кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов
-66кг – Обид Ҷебов
-73кг – Беҳрӯз Хоҷазода
-81кг – Шодмон Ризоев
-90кг – Ҷаҳонгир Маҷидов
Рақобатҳо чун анъана дар ҳафт вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон сурат мегирад. Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд: ғолибон дар ҳамаи вазнҳо 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва барандагони медали биринҷӣ 1500 евро.
Барномаи мусобиқа:
31 март
Бонувон: -48кг, -52кг, -57кг
Мардҳо: -60кг, -66кг
1 апрел
Бонувон: -63кг, -70кг
Мардҳо: -73кг, -81кг
2 апрел
Бонувон: -78кг, +78кг
Мардҳо: -90кг, -100кг, +100кг