Ҷудокорони тоҷик дар рейтинги ҷаҳонӣ ба қулла расиданд
Пас аз баромади дурахшон дар мусобиқаи бонуфузи Dushanbe Grand Slam 2026, ҷудокорони Тоҷикистон ба дастовардҳои таърихӣ ноил гардиданд.
Қаҳрамонони мусобиқа Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг) ва Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) дар раддабандии ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии ҷудо ба зинаи аввал баромаданд.
Эмомалӣ Нуралӣ бо 5226 имтиёз пешсафи вазни худ гардида, ҷудокори ҷопонӣ Такеши Такеокаро паси сар гузошт. Ин натиҷа нишон медиҳад, ки ҷудокорони тоҷик дар айни ҳол яке аз қавитаринҳо дар ҷаҳон маҳсуб мешавад ва раддабандии вазни худ ҷудокори рақами якуми ҷаҳонанд.
Муҳиддин дар ҳисоб 4570 имтиёз дошта, се зина боло рафт ва Маҳмадбек Маҳмадбеков аз АМА, Даниел Гаргнин аз Бразилия ва Габа Ҷоан-Бенҷамини фаронсавиро пеш гузашт.
Ҳамчунин, ҷудокори дигари маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) низ пешрафти назаррас нишон дода, бо 3942 имтиёз ба зинаи сеюми раддабандии ҷаҳонӣ дар вазни хеш баромад.
Ин натиҷаҳо бори дигар нишон медиҳанд, ки ҷудои Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ босуръат рушд карда, варзишгарони кишвар ба гурӯҳи беҳтаринҳои ҷаҳон шомил шудаанд. Муваффақиятҳои охир, махсусан дар мусобиқаҳои сатҳи баланд, мақоми Тоҷикистонро дар ҷудои байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшанд.