Ҷудокорони тоҷик рӯзи дуюми Tbilisi Grand Slam 2025-ро бе медал ҷамъбаст карданд

Ҷудокорони тоҷик рӯзи дуюми Tbilisi Grand Slam 2025-ро бе медал ҷамъбаст карданд
Дар рӯзи дуюми мусобиқаи Tbilisi Grand Slam 2025- кишвари моро Маҳмадшариф Наҷмидинов (-73 кг), Масъуди Аҳмадзод (-73 кг), Илҳомиддин Ҷабборов (-81 кг) ва Бахтиёр Бозоров (-81 кг) намояндагӣ карданд.

Маҳмадшариф Наҷмиддинов аз сабаби вазн накардан мусобиқаро бидуни рақобат тарк намуд .

Масъуди Аҳмадзод дар даври аввал намояндаи Кипр - Андреу Киприаносро шикаст дода, дар даври дуюм аз садди Обидхон Номанови ӯзбек гузашт.

 Дар даври ҳаштякниҳоӣ Масъуд аз намояндаи Монтенегро Нуркович Яхя шикаст хӯрда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд .

Илҳомиддин Ҷабборов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо намояндаи Арманистон Пасевин Григорий нерӯсанҷӣ карда, мағлуб шуд .

Бахтиёр Бозоров дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм Гаджимурод Умаров аз АМА-ро шикаст дод.

Дар марҳилаи баъдӣ Бозоров аз намояндаи Канада Готиер Драпо Франсуа мувоҷеҳи шикаст шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд .

Дар рӯзи охири мусобиқа кишвари моро Шодмон Ризоев (-90 кг) ва Муҳсин Малаев (-100кг) намояндагӣ мекунанд.