Ҷудокорони тоҷик рақибони хешро дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 шинохтанд!

Ҷудокорони тоҷик рақибони хешро дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 шинохтанд!

Бегоҳии имрӯз дар пойтахти Фаронса, шаҳри Париж маросими қуръакашии 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз риштаи ҷудо баргузор шуд. Тоҷикистонро бори аввал дар таърих дар Бозиҳои олимпӣ 6 ҷудокор – Эмомалии Нуралӣ (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) муаррифӣ мекунанд.

Пас аз маросими қуръакашӣ, ки аз рӯӣ 14 вазн миёни бонувон ва мардон баргузор шуд, ҷудокорон рақибони хешро дар ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ муайян карданд. Аз ин миён ҷудокорони мо низ рақибони хешро шинохтанд.

Эмомалии Нуралӣ паҳлавони умедбахши тоҷик зери вазни то 66 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Баруч Шмаилови исроилӣ ва Абдураҳмон Боушитаи марокашӣ нерӯсанҷӣ мекунад. Ин рақобат пас аз нисфирӯзии 28-уми июл доир мегардад. Шмаилови 29 сола бори дуюм аст, ки дар Олимпиада иштирок мекунад. Ӯ барандаи нишони тилло, нуқра ва биринҷии мусобиқаи “Ситораҳои ҷудои ҷаҳон” мебошад. Абдураҳмони 26 сола ҷудокори навкор буда, бори аввал аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ баромад мекунад. Дар сурати пирӯзӣ дар даври дуюм Эмомалиро дар даври сеюм қаҳрамони олимпӣ Ҳифуми Абеи ҷопонӣ интизор аст.


Беҳрӯзи Хоҷазода зери вазни то 73 кг дар даври аввали Бозиҳои олимпӣ бо ҷудокори канадагӣ Артур Маргелидони 30 сола нерӯсанҷӣ мекунад. Артур дорандаи нишонҳои нуқра ва биринҷии мусобиқаи “Ситораҳои ҷудои ҷаҳон” буда, бори дуюм аст, ки дар Олимпиада иштирок мекунад. Дар сурати ду пирӯзӣ дар даври сеюм Беҳрӯз бо қаҳрамони ҷаҳон Ҳидоят Ҳайдарови озарӣ сабқат мекунад.


Сомон Маҳмадбеков зери вазни то 81 кг бори аввал аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҳунару маҳорати худро месанҷад. Қаблан дар Бозиҳои олимпии Токио -2020 паҳлавони мо зери вазни то 73 кг баромад карда, ноком шуда буд. Сомон дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Фарес Бадавии 28 сола аз Фаластин қувваозмоӣ мекунад. Ин ҷудокори навкор бори аввал дар Олимпиада ширкат меварзад. Дар сурати роҳ ёфтан ба даври нимниҳоӣ Сомон бо қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон Тато Григалашвили рӯ ба рӯ мешавад.


Комроншоҳи Устопириён зери вазни то 90 кг бори сеюм аст, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ муаррифӣ мекунад. Дар даври аввал Комроншоҳ бо Тристани Мосахлишвилии 26 сола аз Испания нерӯсанҷӣ мекунад. Дар сурати пирӯзӣ Устопириён бо Эрлан Шерови қирғиз рӯ ба рӯ хоҳад шуд.


Ҷаҳонгир Маҷидов зери вазни то 100 кг ягона ҷудокори тоҷик аст, ки тариқи квота роҳхати Бозиҳои олимпиро соҳиб шуд. Маҷидов дар даври аввал бо намояндаи мизбон Аурелиен Диессе қувваозмоӣ мекунад. Дар сурати роҳ ёфтан ба даври нимниҳоӣ Маҷидов бо қаҳрамони ҷаҳон Зелюм Катсоеви озарӣ гӯштин мегирад.


Темур Раҳимов паҳлавони сангинвазни тоҷик дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Эрик Абрамов аз Олмон ва Одхуу Тсетсентсенгело аз Муғулистон гӯштин мегирад. Дар сурати пирӯзӣ Темурро паҳлавони ӯзбек Алишер Юсупов дар даври баъдӣ интизор аст.


Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои олимпии Париж-2024 аз 26-уми июл то 11-уми август дар Фаронса доир мегардад.