Қудрати муттаҳидкунандаи варзиш ...

Қудрати муттаҳидкунандаи варзиш ...

22 –юми январ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии сеюми худро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 муқобили тими миллии Лубнон анҷом медиҳад. Ин дидор дар варзишгоҳи Ҷосим бин Ҳамади Доҳа баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи миллипӯшони тоҷик ба поён расид.

Ҳамин тавр, футболбозони тоҷик бо 4 имтиёз дар гурӯҳи “А” мақоми дуюмро соҳиб шуда, ба даври плей-офф роҳ ёфтанд. Мунтахаби Тоҷикистон аввалин бор дар Ҷоми Осиё ширкат ва мекунад ва аввалин бор ба ин марҳилаи мусобиқот роҳ меёбад.

Доир ба пирӯзии футболбозони мо рӯзномагинорон ва мухлисони хориҷӣ чунин ибрози назар карданд.

Ҷопонӣ, Тоҷикистон мегӯяд - ба хотири амалҳои шармовари як ҳамватанаш - довари бозии Тоҷикистон - Қатар.

Эронӣ - барои пирӯзии Тоҷикистон мегиряд - ҳамхуни мо.

Ӯзбекистонӣ, ки шояд тоҷик аст, аз пирӯзии Тоҷикистон шод мешавад.

Шореҳи МатчТВ - рус - "ба пеш" мегӯяд, тоҷикӣ.

Як ветнамӣ менависад: ҳарчанд бори аввал дар Ҷоми Осиё иштирок мекунад, аммо Тоҷикистон бозии хеле хуб дорад, дар бозии оянда барори кор ва аз Ветнам салом.

Рогер Валгери австралиягӣ мегӯяд: Вау - ҳадафҳои бузурги ҷаҳонӣ - офарин Тоҷикистон!

Муҳаммад Ҳамидӣ гуфт: Тоҷикистон сазовори ғалаба буд.

Наото Окии ҷопонӣ:

Вау! Чӣ бозии шавқовар! Ман аз Ҷоми Осиё ҳаминро интизорам. Эҳтиром, рӯҳия, ангеза... он ба ман Копа Америкаро хотиррасон кард! Ба ман услуби бозии тоҷикӣ, ки мисли Аргентина аст, маъқул мебошад. Дар ҳоле ки аксари дастаҳои Осиё кӯшиш мекунанд, ки мисли шеваҳои бозии аврупоӣ, аз қабили АПЛ, Ла Лига, Серия А ва ғайра бозӣ кунанд, танҳо Тоҷикистон услуби Амрикои Ҷанубиро дорад. AFC бояд ба Тоҷикистон иҷоза диҳад, ки ба бисёр мусобиқоти осиёӣ шомил шавад. Ман мехоҳам Ҷопон бо Тоҷикистон бозӣ кунад. Бо эҳтиром!

Ва як лубнонӣ бо номи Муҳаммад Солеҳ навишт:

Мутаассифона, тими миллии футболи Лубнон мисли ҳамеша ноумедкунанда аст. Табрикот ба Тоҷикистон, ба пирӯзии шоиста ноил шуд.