УЕФА Англияро аз мизбонии Евро-2020-ро маҳрум мекунад

УЕФА Англияро аз мизбонии Евро-2020-ро маҳрум мекунад

Иттиҳодияи футболи Аврупо (УЕФА) дар сомонаи расмиаш менависад, ки шаҳри Лондони кишвари Англия ва Амстердами кишвари Ҳоланд барои баргузории бозиҳои Евро-2020 кафолат дода намешаванд. Дар ин бора нашрияи The Times иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, сабаби ин нигаронии УЕФА дар он будааст, ки бештари бозиҳои ҳассоси Ҷоми Аврупо-2020 дар ин ду шаҳри бузург баргузор мегардад ва дар ин сурат мухлисон дар он ҷойҳо бештар хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои Ҷоми Аврупо-2020 бинобар сабаби пандемияи коронавирус ба соли 2021 гузаронида шуда буд.