Уэсли эҳтимол аст, ки ба “Барселона” гузариш кунад

Уэсли эҳтимол аст, ки ба “Барселона” гузариш кунад

Дифоъгари дастаи  «Фламенго» - Уэсли эҳтимол аст, ки корномаи футболбозиашро дар чемпионати Испания идома диҳад.

Ба иттилои Globo Esporte, дастаи «Барселона» бо бошгоҳи бразилӣ дар мавриди иҷораи футболбози 19-сола гуфтушунид дорад.

Қарор аст, ки Уэсли як сол ба тими “Барселона В”  бипайвандад ва пас аз он каталониҳо имкон пайдо мекунанд, ки ӯро бо маблағи муайян харидорӣ кунанд.

Фламенго 70% ҳуқуқҳои ҳимоятгарро дорад, ки шартномааш то моҳи декабри соли 2025 амал мекунад.