UFC барои разми Ҳабиб ва Фергюсон макони нав пайдо кард

UFC барои разми Ҳабиб ва Фергюсон макони нав пайдо кард

Президенти UFC таъкид кард, ки муҳорибаи размикорон тибқи нақшаи пешбинишуда 18 апрел баргузор мешавад, аммо он чорабинии пӯшида хоҳад буд, ки мухлисон ширкат карда наметавонанд. Президенти UFC Дана Уайт гуфт, ки ӯ барои баргузории рақобати қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмагомедов ва Тони Фергюсони амрикоӣ макони нав пайдо кардааст, хабар медиҳад MMA Junkie. 

Уайт гуфтааст, ҷой аллакай ёфт шудааст, аммо ӯ барои гуфтанаш омода нест. Бо вуҷуди ин, роҳбари UFC таъкид кард, ки мубориза тавре, ки ба нақша гирифта шуда буд, 18 апрел баргузор хоҳад шуд.

Ҳамзамон, вай гуфт, чорабинӣ пӯшида буда, ба он мухлисон даъват нашудаанд ва рақобат тариқи онлайн пахш мешавад, ки барои тамошои он бояд маблағ пардохт кард. 

Президенти UFC гуфтааст, қаблан замони пахши чорабиниҳо баъзе мушкилот пеш меомад, аммо ҳоло мо инро меомӯзем ва кулли сокинони сайёра имкони тамошои муҳорибаро ба даст меоранд.

Ёдовар мешавем, Ҳабиб рӯзи гузашта бо далели паҳншавии коронавирус Амрикоро тарк карда, ба Россия баргашт.