UFC боз ду мусобиқаи дигарро ба таъхир андохт

UFC боз ду мусобиқаи дигарро ба таъхир андохт

Ultimate Fighting Championship мусобиқаҳое, ки баргузориашон рӯзҳои 20-ум ва 27-уми июн дар назар буданд, ба вақти дигар гузаронид. Бояд ёдовар шуд, ки қаблан низ ин ташкилот якчанд мусобиқаҳои хурду бузургро, ки дар моҳи май баргузор мешуданд, лағв карда буд.

Хотиррасон мекунем, ки сабаби ба таъхир гузоштани ин чорабиниҳо ин хуруҷи Ковид-19 ба ҳисоб меравад.