UFC маротибаи аввал бо размикори ноболиғ шартнома баст

UFC маротибаи аввал бо размикори ноболиғ шартнома баст

Пас аз пирӯзии муборизи амрикоӣ Раул  Росаси хурдӣ муқобили Мандро Гутйерреси мексикоӣ дар мусобиқаи “Dana White's Contender Series 55” , ки дар Лас Вегаси ИМА доир шуд  роҳбари UFC  - Дана Уайт  бо Раули 17-сола шартнома баст.

Ҳамин тариқ, Раул ҷавонтарин мубориз дар таърихи муҳорибаҳои омехта  гардид. Қабл аз ин ҷавонтарин размикор  дар таърихи муҳорибаҳои омехта Чейз Хупер  буд, ки соли 2019 дар синни 19-солагӣ дебют анҷом дода буд.

Дана Уайт дар бораи шартнома бо Росас чунин ибрози андеша намуд:

“Вай хеле боистеъдод ва бомаҳорат аст. Гумон мекунӣ махсус барои муҳорибаҳои омехта офарида шуда бошад. Ӯ воқеан фарқкунанда аст.  Дар синни 17-солагӣ  шумо намебинед, ки онҳо чӣ истеъдоде доранд."

Росас  дар 6 рақобати анҷом додааш боре ҳам мағлуб нашудааст.  


Ёдовар мешавем, ки ҳамон рӯз размикори тоҷик Нурулло Алиев дар мубориза барои дарёфти қарордоди имконпазир бо UFC варзишгари амрикоӣ Ҷош Уикиро дар раунди якум ба накаут фиристод ва ба  UFC  шартнома баст. Нуруллои 22 сола  дар ҳисобаш пеш аз ин рақобат 6 пирӯзии бидуни бохт дошт. Ҳамчунин ӯ аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба муҳорибаҳои омехта роҳ ёфт.