Ҷуфтҳои марҳилаи ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё оид ба футзал муайян шуданд!

Ҷуфтҳои марҳилаи ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё оид ба футзал муайян шуданд!

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё оид ба футзал дар кишвари Кувайт ба анҷом расиданд.  Миёни 16 кишвари иштирокчӣ, ки ба  чаҳор гурӯҳ тақсим шуда буданд, 8 мунтахаб ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Бозиҳои марҳилаи ¼ -ниҳоӣ рӯзи 4-уми октябр доир мешаванд. Бозиҳои марҳилаи нимниҳоӣ рӯзи 6-уми октябр ва бозиҳои  ниҳоии мусобиқа бошад, рӯзи 8-уми октябр баргузор мешаванд. 

Дар гурӯҳи “А” мунтахаби Тайланд бо касби 7 имтиёз аз садри ҷадвал ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Ҳамчунин дар ин гурӯҳ мизбони мусобиқа мунтахаби Кувайт ҳам бо 5 имтиёз ба марҳилаи ¼-ниҳоӣ роҳ ёфт. Дастаҳои Ироқ ва Уммон натавонистанд аз гурӯҳ бароянд.

Дар гурӯҳи “В” мунтахаби Ӯзбекистон аввал шуда, ба даври ¼-ниҳоӣ роҳашро ҳамвор кард. Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 6 имтиёз аз зинаи дуюм ба даври ¼-ниҳоӣ роҳ ёфт. Ин маротибаи дуюм аст, ки мунтахаби Тоҷикистон ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё оид ба футзал роҳ меёбад. Аз ин пеш соли 2007 мунтахаби Тоҷикистон ба марҳилаи ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфта буд. Дастаҳои Туркманистон ва Баҳрайн дар ин гурӯҳ аз идомаи мусобиқа бенасиб монданд, чунки имтиёзҳои лозимаро ба даст оварда натавонистанд.

Дар гурӯҳи “С” мунтахаби Эрон, ки аз муддаиёни асосии мусобиқа маҳсуб мешавад, пас аз Ӯзбекистон ба даври ¼-ниҳоӣ роҳашро ҳамвор карда буд. Индонезия ҳам пас аз солҳои тӯлонӣ тавонист ,ки ба даври ¼-ниҳоӣ барояд.  Тайпеи Чин ва Лубнон дар ин гурӯҳ натавонситанд, то ба даври ¼-ниҳоӣ роҳхат ба даст биёранд.

Дар гурӯҳи “D”  Ҷопон ва Ветнам ба марҳилаи ¼-ниҳоӣ баромаданд. Арабистони Саудӣ ҳам наздик буд то ба даври плей-офф роҳ ёбад, аммо дар бозии охир муқобили Ветнам шикаст хӯрд. Кореяи Ҷанубӣ ҳам дар ин гурӯҳ бо натиҷаи ғайриқаноатбахш мусобиқаро тарк кард.

 Ҳамакнун дар даври ¼-ниҳоӣ Тайланд бо Тоҷикистон,  Эрон бо Ветнам, Ӯзбекистон ӣо Кувайт ва Ҷопон бо Индонезия майдондорӣ мекунанд. Ҳамаи рақобатҳои рӯзи 4-уми октябр доир мешаванд ва МД Телевизиони “Варзиш” ҳамаи ин рақобатҳоро ба таври мустақим намоиш медиҳад.