Ҷуфтҳои аввали марҳилаи 1/8-ниҳоии ҶҶ муайян шуданд!

Ҷуфтҳои аввали марҳилаи 1/8-ниҳоии ҶҶ  муайян шуданд!

Бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳон дар гурӯҳҳои “А” ва “В” ба анҷом расид.

Аз рӯи натиҷаҳои нишондодаашон дар бозиҳои гурӯҳӣ мунтахабҳои  Нидерланд (7 имтиёз), Сенегал (6 имтиёз) , Англия  (7 имтиёз) ва ИМА (5 имтиёз) ба плей-оффи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 роҳ ёфтанд.

Ҷуфтҳои нахустини даври 1/8 ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022

Нидерланд - ИМА

Англия - Сенегал

Ёдовар мешавем, ки Эквадор, Қатар, Эрон ва Уэлс ин мусобиқаро тарк карданд.