Ҷуфтҳои даври нимниҳоии “Ролан Гаррос”-2026 муайян шуданд

Ҷуфтҳои даври нимниҳоии “Ролан Гаррос”-2026 муайян шуданд

Дар шаҳри Парижи Фаронса рӯзи 3 июн рақобатҳои даври чаҳорякниҳоии мусобиқаи бонуфузи тенниси “Ролан Гаррос”-2026 миёни мардон баргузор шуданд. Пас аз анҷоми бозиҳои ин марҳила номи ҳамаи иштирокчиёни даври ниманиҳоӣ маълум гардид.

Дар яке аз вохӯриҳои марҳилаи нимниҳоӣ ду теннисбози итолиёвӣ — Маттео Арналди ва Флавио Коболли бо ҳам рақобат мекунанд. Дар ҷуфти дигари нимниҳоӣ Якуб Меншики чех, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ мақоми 26-умро ишғол мекунад, бо ракеткаи дуюми ҷаҳон, Александр Звереви олмонӣ нерӯ месанҷад.

Ҷуфтҳои даври нимниҳоии “Ролан Гаррос”-2026:

Маттео Арналди (Италия) — Флавио Коболли (Италия, 10);

Якуб Меншик (Чехия, 26) — Александр Зверев (Олмон, 2).

Қобили зикр аст, ки қаҳрамони феълии мусобиқа, теннисбози испанӣ Карлос Алкарас, дар сабқатҳои имсола иштирок намекунад. Аз ин рӯ, “Ролан Гаррос”-2026 соҳиби қаҳрамони нави худро хоҳад дошт.