Ҷуфтҳои марҳилаи чаҳорякниҳоии “Ролан Гаррос” — 2026 муайян шуданд
Дар шаҳри Парижи Фаронса бозиҳои марҳилаи чоруми мусобиқаи бонуфузи тенниси “Ролан Гаррос”-2026 миёни мардон ба анҷом расиданд. Баъди натиҷагирии ин давр ҳамаи иштирокчиёни марҳилаи чаҳорякниҳоӣ муайян гардиданд.
Дар яке аз рақобатҳои марказии даври навбатӣ намояндаи Испания Рафаэл Ходар бо теннисбози маъруфи олмонӣ Александр Зверев қувва меозмояд. Ҳамчунин Якуб Меншики чех бо Жоау Фонсека аз Бразилия рӯбарӯ мешавад.
Дар дигар вохӯриҳои чорякфинал Флавио Коболлии итолиёвӣ бо Феликс Оже-Алиассим аз Канада рақобат мекунад. Ҷуфти дигари ин марҳиларо ду теннисбози Италия — Маттео Берреттини ва Маттео Арналди ташкил медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки қаҳрамони феълии мусобиқа Карлос Алкарас дар мусобиқаи имсола иштирок намекунад. Аз ин рӯ, имсол “Ролан Гаррос” соҳиби қаҳрамони нав хоҳад шуд.
Мусобиқаи кушоди Фаронса яке аз чор мусобиқаи асосии силсилаи “Тоскулоҳи бузург” ба ҳисоб рафта, ҳамасола беҳтарин теннисбозони ҷаҳонро гирди ҳам меорад. Акнун мубориза барои роҳхат ба нимфинал вориди марҳилаи ҳалкунанда гардида, мухлисони теннисро рақобатҳои ҷолиб интизоранд.
Ҷуфтҳои марҳилаи чорякфинал чунинанд:
Рафаэл Ходар (Испания, 27) — Александр Зверев (Олмон, 2);
Якуб Меншик (Чехия, 26) — Жоао Фонсека (Бразилия, 28);
Флавио Коболли (Италия, 10) — Феликс Оже-Аляссим (Канада, 4);
Маттео Берреттини (Италия) — Маттео Арналди (Италия).