Ҷуфтҳои марҳилаи нимниҳоии Лигаи Аврупо ва Лигаи Конференсия маълум шуданд

Ҷуфтҳои марҳилаи нимниҳоии Лигаи Аврупо ва Лигаи Конференсия маълум шуданд

Рӯзи 16 апрел бозиҳои ҷавобии марҳилаи чорякниҳоии ду мусобиқаи бонуфузи аврупоӣ — Лигаи Аврупо ва Лигаи Конференсия баргузор шуда, пас аз натиҷаҳои онҳо ҳамаи дастаҳои роҳёфта ба нимфинал муайян гардиданд.

Дар ҳар ду мусобиқа рақобатҳо хеле шадид гузашта, дастаҳо барои роҳ ёфтан ба чоргонаи беҳтарин талоши зиёд намуданд. Акнун мубориза барои роҳхат ба финал боз ҳам ҳаяҷоновартар хоҳад шуд.

Дар бозии ҷавобии марҳилаи чаҳорякниҳоӣ дастаҳои “Астон Вилла”, Ноттингем Форест”, “Брага” ва “Фрайбург” ғолиб омада ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд. “Астон Вилла” бо ҳисоби умумии 7 бар 1 “Болоня”-ро ноком кард. “Ноттингем Форест” бо ҳисобии умумии 2 бар 1 муқобили “Порту” зафар ёфт. “Фрайбург” бо ҳисоби умумии 6 бар 1 муқобили “Селта” ғолиб омад. “Брага” бо ҳисоби умумии 5 бар 3 тими “Бетис”-ро шикаст дод.

Ҳамакнун, дар марҳилаи нимниҳоӣ “Ноттингем Форест” бо “Астон Вилла” ва “Брага” бо “Фрайбург” бозӣ мекунанд. Ҷуфти аввал миёни “Брага” ва “Фрайбург” рақобати баробар арзёбӣ мешавад, зеро ҳарду даста дар марҳилаҳои қаблӣ бозии устувор нишон доданд. Ҷуфти дуюм бошад, дербии англисӣ ба ҳисоб меравад, ки дар он “Ноттингем Форест” ва “Астон Вилла” барои роҳхат ба финал мубориза мебаранд.

Бозиҳои ҷавобии марҳилаи чаҳорякниҳоии Лигаи Конференсия низ ҷолибу тамошобоб ба анҷом расиданд. Дар натиҷа бо ҳисоби умумӣ “Страсбур” бар “Майнтс” (4:2), “Кристал Пэлас” бар “Фиорентина” (4:2), “Шахтёр” бар “АЗ Алкмар” (5:2) ва “Райо Валйекано” бар “АЕК Афина” (4:3) ғолиб омада, роҳхати марҳилаи нимниҳоиро соҳиб шуданд.

Ҳамин тавр, дар марҳилаи нимҳоӣ “Шахтёр” бо “Кристал Пэлас” ва “Райо Валйекано” бо “Страсбур” бозӣ мекунанд. Дар ин ҷо низ рақобатҳо ҷолиб ба назар мерасанд. “Шахтёр” таҷрибаи калони байналмилалӣ дорад, аммо “Кристал Пэлас” кӯшиш мекунад бори аввал ба финали мусобиқаи аврупоӣ роҳ ёбад. Дар ҷуфти дигар “Райо Валйекано” ва “Страсбур” имкониятҳои тақрибан баробар доранд.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои аввал рӯзи 30 апрел ва бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 7 май ба нақша гирифта шудаанд.