Ҷуфтҳои марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Осиёи наврасон муайян шуданд

Бозиҳои марҳилаи чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё миёни дастаҳои наврасони то 17 сола дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ба охир расиданд.
Дар натиҷа ҷуфтҳои марҳилаи нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд. Мунтахабҳои Ӯзбекистон, Арабистони Саудӣ, Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ ба даври нимниҳоии Ҷоми Осиё миёни дастаҳои наврасони то 17 сола роҳ ёфтанд.
Ӯзбекистон дар бозии даври чаҳорякниҳоӣ бо ҳисоби 3:1 АМА-ро мағлуб кард. Арабистони Саудӣ дар ҳамин марҳила аз садди Ҷопон (2:2, пен. 2:3) гузашт.
Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби бузурги 6 бар 0 Индонезияро шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Кореяи Ҷанубӣ бо Тоҷикистон вақти асосии бозӣ бо натиҷаи мусовии 2 бар 2 хотима ёфт ва дар силсилазарбаҳои пеналтӣ дастаи мо бо ҳисоби 5 бар 3 мағлуб шуд. Кореяи Ҷанубӣ бо ин ғалаба ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.
Дастаҳое, ки ба марҳилаи чаҳорякниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд, ҳама роҳхати иштирок дар мусобқаи Ҷоми ҷаҳонии наврасонро, ки моҳи ноябр дар Қатар мешавад, ба даст оварданд.
Дар марҳилаи нимниҳоии мусобиқа Ӯзбекистон бо Кореяи Шимолӣ ва Арабистони Саудӣ бо Кореяи Ҷанубӣ бозӣ мекунанд. Бозиҳо рӯзи 17-уми апрел дар шаҳри Ҷидда баргузор мешаванд.
ТВ "Варзиш"