"Уимблдон-2020" низ мухлисонашро маҳзун кард

"Уимблдон-2020" низ мухлисонашро маҳзун кард

Дар соли ҷорӣ боз як мусобиқаи бонуфузи дигари теннис “Уимблдон-2020” баргузор намешавад. Ташаббускорони ин чорабинии бузурги варзишӣ ниҳоятан ба хотири ҳифзи солимии варзишгарони ин намуд ва ҳаводоронаш барои як соли дигар ба мавқуф гузошта шуд. Ташкилкунандагони мусобиқаи бонуфузи “Уимблдон-2020” расман хабар додаанд, ки дар соли 2020 ин маъракаи анъанавии варзишӣ доир намешавад ва мусобиқаи мазкур ба соли 2021 гузаронида шуд.

Дар доираи ин мусобиқоти анъанавӣ мебоист 134 бозӣ сурат мегирифт, вале бо мақсади пешгирӣ аз хуруҷи вируси корона ва бозиҳои теннис дар доираи ин мусобиқот аз 28-уми июн то 11 июли соли 2021 баргузор мешаванд.

Қаблан дар нақша буд, ки “Уимблдон-2020” аз санаи 29 июн то 12-уми июл баргузор мешуд.

Феълан аз сабаби хуруҷи коронавирус натанҳо ин мусобиқа, балки то санаи 7-уми июни соли равон тамоми мусобиқаҳои теннис манъ шудаанд.

Шуруъ аз соли 1945 то ба ҳол бори аввал аст, ки мусобиқаи Уимблдон дар вақту замони хеш доир намешавад.