Улуғбек Рашитови ӯзбек қаҳрамони дукаратаи олимпӣ гардид

Улуғбек Рашитови ӯзбек  қаҳрамони дукаратаи олимпӣ гардид

Таэквондочӣ Улуғбек Рашитов аз Ӯзбекистон дар Бозиҳои олимпии Париж -2024 медали тилло ба даст овард. Ӯ аввалин варзишгар аз риштаи таэквондо дар таърихи Ӯзбекистон шуд, ки соҳиби ду медали тиллои олимпӣ гардид.

Қаҳрамони 22-солаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар вазни то 68 кг дар даври ниҳоӣ шаби 9-уми август бо ноибқаҳрамони Осиё ва Бозиҳои Осиёӣ Заид Карим аз Урдун қувваозмоӣ кард. Рақибон моҳи сентябри соли 2023 дар финали Бозиҳои Осиёӣ бо ҳам рӯ ба рӯ шуда буданд, ки онҷо Улуғбек пирӯз шуда буд. Дар Бозиҳои Осиёии соли 2022 Карим тавониста буд, ки бар Улуғбек зафар ёбад.

Дар финали Бозиҳои олимпии Париж -2024 дар оғози сабқат Заид Карим ҳисобро боз кард (2:0), аммо Рашитов аз зарбаи дақиқ ба сар тавонист пешсафиро ба даст орад (5:2). Даври аввал бо ҳисоби 5:4 ба фоидаи варзишгари ӯзбек анҷом ёфт. Намояндаи Ӯзбекистон дар даври дуюм худро дифоъ карда тавонист ва бо ҳисоби 3:1 пирӯз гардид. Ҳисоби ниҳоӣ 2:0 ба фоидаи Улуғбек Рашитови ӯзбек анҷом ёфта, барои ӯ медали тиллои Бозиҳои олимпиро овард.

Медалҳои биринҷӣ ба Эдивал Маркес Квирино Понтес аз Бразилия ва Лиян Юшуай аз Чин супурда шуданд.

Ғолибони вазни 68 кг

1.Улуғбек Рашитов (Ӯзбекистон)

2.Заид Карим (Урдун)

3.Эдивал Маркес Кирино Понтес (Бразилия)

3.Лян Юшуай (Чин)