Умтити бо "Лилл" шартнома баст
Дифоъгар Самюэл Умтити аз «Барселона» ба сафи «Лилл» гузашт. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи фаронсавӣ иттилоъ медиҳад.
Маълум гардид, ки Умтити ба ҳайси футболбози озод ба «Лилл» гузариш анҷом дода, шартномаи дусола имзо кард. Бозигари хати дифоъ ин тобистон бо «Барселона» қатъ шартнома карда буд.
Дар мавсими қаблӣ ин дифоъгари фаронсавӣ дар сафи «Лечче» тариқи иҷора бозӣ намуда, 25 бозӣ гузаронид.