Ҳунарнамоии Парвизҷон Умарбоев бар зидди "Тоттенҳэм"

Ҳунарнамоии Парвизҷон Умарбоев бар зидди "Тоттенҳэм"
Дар доираи даври дуюми бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Лигаи Аврупо  дастаи "Локомотив-Пловдив", ки дар ҳайати он футболбози тоҷик – Парвиз Умарбоев бозӣ мекунад, дар майдони худ  бошгоҳи "Тотенҳэм Ҳотспур"-ро пешвоз гирифт. Дидори дастаҳо дар Булғория сурат гирифта, бо ҳисоби 1:2 ба фоидаи дастаи "Тотенҳэм" анҷом ёфт. Нимаи аввали рақобати дастаҳо бидуни гол ба охир расид. Дар қисми дуюми бозӣ аниқтараш дар дақиқаи 71-ум мизбонон тавассути голи задаи Георгий Минчев ҳисобро боз намуданд. Дар дақиқаи 80-ум ҳамлагари марказии дастаи "Тотенҳэм" –  Ҳарри Кейн голи ҷавобиро зада, ҳисобро 1:1 намуд. Дар дақиқаи 85-ум футболбози дигари меҳмонон – Танги Ндомбеле ба дарвозаи "Локомотив" гол зада, ҳисобро 2:1 сохт ва бо ҳамин натиҷа бозӣ ба поён расид.  Ҳамин тавр, пас аз ин пирӯзӣ дастаи "Тотенҳэм" ба даври дигар роҳ ёфт ва "Локомотив-Пловдив" бошад аз идомаи рақобатҳо маҳрум гашт.  Бояд гуфт, ки футболбози тоҷик дар ин дидор аз ҳайати асосӣ ба майдон баромада, 68 дақиқа майдондорӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки "Локомотив-Пловдив" дар чемпионати Булғория, пас аз баргузор гардидани 5 давр дар зинаи 6-уми ҷадвали мусобиқа мавқеъ гирифтааст.