Унай Симон рекорди Икер Касилясро дар Ҷоми ҷаҳон шикаст
Дарвозабони мунтахаби Испания Унай Симон дар бозии марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 муқобили Фаронса (2:0) дарвозаи худро боз ҳам дастнорас нигоҳ дошт ва бо ин натиҷа рекорди афсонаи футболи Испания Икер Касилясро нав кард.
Ин бозӣ барои Симон ҳаштумин вохӯрӣ бе голи қабулшуда дар таърихи иштироки ӯ дар Чемпионатҳои ҷаҳон гардид. Аз ин шумора шаш бозӣ ба Ҷоми ҷаҳонии имсола рост меояд. Бо ҳамин, ӯ аз натиҷаи Икер Касиляс, ки дар чор даври Ҷоми ҷаҳон ҳафт бозии бегол анҷом дода буд, пеш гузашт.
Ҷолиб он аст, ки барои Унай Симон ин ҳамагӣ дуюмин Ҷоми ҷаҳон дар фаъолияти касбиаш мебошад, аммо ӯ аллакай тавонист яке аз муҳимтарин рекордҳои дарвозабонии мунтахаби Испанияро аз они худ кунад.
То имрӯз Симон дар ҳайати мунтахаби Испания 65 бозӣ анҷом дода, 49 гол қабул кардааст ва 30 маротиба дарвозаи худро бегол нигоҳ доштааст.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Испания бо пирӯзии 2:0 бар Фаронса ба финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 роҳ ёфт. Дар бозии ҳалкунанда шогирдони Луис де ла Фуэнте бо ғолиби ҷуфти Аргентина ва Англия барои унвони қаҳрамонии ҷаҳон мубориза хоҳанд бурд.